6 Октябр 2021 - 11:06
Ҳушдори Байден дар бораи аз даст рафтани бартарии иқтисодии Амрико дар ҷаҳон

Раиси ҷумҳӯри Амрико ҳушдор дод агар Иёлоти Муттаҳида дар бахши зерсохтҳои худ сармоягузориҳои калон накунад, бартарии иқтисодии худро дар ҷаҳон аз даст медиҳад.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Райтер, Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико дар суханоне дар иёлати Мичиган бар аҳамияти ду тарҳи « тавсеъаи зерсохтҳо » ва « бозсозӣ » мавриди баҳси Конгресс дар чорчӯби тақвияти « рақобату мудирият »-и Иёлоти Муттаҳида ва беҳбуди зиндагии миллионҳо амрикоӣ таъкид кард.

Раиси ҷумҳӯри Амрико гуфт : Амрико барои муддати тӯлонӣ дар саросари ҷаҳон пештоз будааст, аммо мо сармоягузории каме дар бораи мардуму кишвари худ анҷом додаем .
Байден дар идома ёдовар шуд : Дар ҳоли ҳозир 45 ҳазор пул, 173 ҳазор мойл ҷода дар вазъи заъифӣ қарор доранд . Ин як мавзӯи хандаовар нест . Ин мавзӯи ҷаддӣ аст .

Раиси ҷумҳӯри Амрико ҳамчунин бар аҳамияти сармоягузорӣ дар ҳавзаи худравҳои барқӣ таъкид кард ва гуфт : Ин сармоягузорӣ метавонад садҳо ҳазор фурсати шуғлиро барои амрикоиҳо фароҳам кунад.

342/